Мулоқоти президент бо ноиби президенти БҶ оид ба Аврупо ва ОМ

Date:


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Ле Уэруро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилохъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд.

Филипп Ле Уэру аз рафти Конфронси минтақавӣ доир ба муҳоҷират дар Душанбе, ки ҳадафи асосии сафараш ба Тоҷикистон мебошад, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ омода аст дар беҳсозии идораи раванди муҳоҷират, аз ҷумла ташкили ҳунаромӯзии муҳоҷирони эҳтимолӣ, мусоидати худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ афзун намояд.

Баррасии роҳҳои судбахши дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ таъкид намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related