Рақси тоҷикӣ дар пасманзари Капитолий

Ахири ҳафтаи гузашта дар назди бинои Конгресси ИМА Ҷашнвораи анъанавии мероси Осиё (Asian Heritage Festival) доир гардид. Диаспораҳои сершумори зодагони Осиё, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иқомат доранд, ба сокинону меҳмонони пойтахти Амрико намунаҳои фарҳанги ғании худ – сарулибос, рақсу суруди миллӣ, офаридаҳои ҳунармандону косибон ва ғизои миллиро пешкаш намуданд. Дар ҷашнвораи мазкур диаспораи тоҷикони […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар назди бинои Конгресси ИМА Ҷашнвораи анъанавии мероси Осиё (Asian Heritage Festival) доир гардид.

Диаспораҳои сершумори зодагони Осиё, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иқомат доранд, ба сокинону меҳмонони пойтахти Амрико намунаҳои фарҳанги ғании худ – сарулибос, рақсу суруди миллӣ, офаридаҳои ҳунармандону косибон ва ғизои миллиро пешкаш намуданд.

Дар ҷашнвораи мазкур диаспораи тоҷикони Амрико иштиоки фаъол дошт. Ассотсиатсияи чанде қабл таъсисёфтаи тоҷикистониёни Амрико (People of Tajikistan in America) дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон дар ИМА як гӯшаи махсуси Тоҷикистонро ташкил намуданд.

Тамошогарони зиёде имкон пайдо карданд, ки дар ин гӯша бо асбобҳои мусиқӣ, маснуъоти косибони ҳунармандон, сарулибоси миллӣ ва адабиёти тоҷикон аз наздик ошноӣ пайдо кунанд. Фаъолони Ассотсиатсия аз субҳ то шом тамошогаронро истиқбол намуда, ба онҳо дар бораи кишвари хурди кӯҳии мо маълумоти муфассал ва ба суолҳои сершуморашон посух доданд.

Рақси миллии хотирмони ҳамватани мо Парвина Мирҳоҷӣ дар партави қасри Капитолий ҳеҷ яке аз ҳозирон дар ҷашнвораро бетараф гузошта натавонист!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат