Боздошти таҳиягарони шиносномаҳои қалбакӣ барои ҷинояткорон

Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар тайёр намудан ва сохтакории шиносномаҳо барои аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпешаи созмонёфта  ду нафарро  боздошт карданд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, боздоштшудагон – сокини 35-солаи шаҳри Ваҳдат Неҳру Ғафуров ва сокини 39-солаи ноҳияи Файзобод Аҳлиддин Ёқубов дар тайёр намудани шиносномаҳои қалбакӣ барои аъзои гурӯҳҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар тайёр намудан ва сохтакории шиносномаҳо барои аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпешаи созмонёфта


 ду нафарро 

боздошт карданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, боздоштшудагон – сокини 35-солаи шаҳри Ваҳдат Неҳру Ғафуров ва сокини 39-солаи ноҳияи Файзобод Аҳлиддин Ёқубов дар тайёр намудани шиносномаҳои қалбакӣ барои аъзои гурӯҳҳои ҷиноии таҳти пайгарди қонунӣ қарордошта гумонбар дониста мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта дар ҷараёни амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Душанбе аъзои як гурӯҳи ҷиноятпеша, ки аз моҳи март мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, дастгир гардиданд. Гумонбаршудагон ба узвияти ин гурӯҳ, сокинони шаҳри Ваҳдат Рӯзиқул Шоимқулови 44-сола ва Хуршедҷон Холмуродови 30-сола аз паноҳгоҳашон воқеъ дар кӯчаи А. Навоӣ-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  дастгир гардиданд. Онҳо дар ҳамлаи ғоратгарона ба шаҳрвандони Чин рӯзи 3-юми март  дар қаҳвахонаи «Обшорон»-и пойтахт, ки бар асари он 7 нафар ҷароҳати вазнин бардошта буданд, гумонбар дониста мешаванд

Қаблан рӯзҳои 24 ва 25-уми марти соли равон 5 нафар аъзои ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша боздошт шуда буданд. Пешвои гурӯҳи ҷиноятпеша – сокини 42-солаи шаҳри Ваҳдат Худойназар Одинаев рӯзи 25-уми март дар автовокзали пойтахт зимни муқобилати мусаллаҳона аз ҷониби кормандони милиса кушта шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.