Мушовараи махсуси ВКД оид ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон

Дар Вазорати корҳои дохилӣ вобаста таъкиду эродҳои Роҳбари давлат дар паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар хусуси пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон мушовараи махсус доир карда шуд, ки дар он Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, аъзоёни мушовараи Вазорат, кормандони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ иштирок […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати корҳои дохилӣ вобаста таъкиду эродҳои Роҳбари давлат дар паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар хусуси пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон мушовараи махсус доир карда шуд, ки дар он Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, аъзоёни мушовараи Вазорат, кормандони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ иштирок варзиданд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҷаласаи мазкур айни замон идома дошта, дар он омилҳои сарзадани ҷинояту қонуншиканӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, маърифати пасти ҳуқуқии онҳо, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда дар миёни онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар мушовара камбудиҳову норасогиҳои ҷойдоштае, ки онҳо дар рафти санҷиши доир карда шуда ошкор карда шуда буданд, шунида шуда, барои ислоҳи онҳо аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар мулоқоти чанде қабл доиргардидаи вазир бо донишҷӯёни макотиби олии пойтахт зикр гардид, ки дар зарфи 4 моҳи соли равон 1209 ҷинояти аз ҷониби ноболиғону ҷавонон бо шумули донишҷӯён содиршуда ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 12 ҷиноят ба куштор, 86 ҷиноят ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, 28 ҷиноят ба дуздӣ, 5 ҳодиса ба ғоратгарӣ ва 38 ҷиноят ба авбошӣ марбут аст. Аз оғози сол нисбат ба 1 ҳазору 249 нафар ҷавонон 1 ҳазору 136 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Афзоши ҳодисаҳои даст ба ҷиноят задани ҷавонону ноболиғон миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу ҷомеа изҳори нигаронӣ ба бор овардааст, зеро нишондиҳандаҳои дар боло зикршуда барои кишвари кӯчаке чун Тоҷикистон хеле зиёд аст», – гуфта буд вазири корҳои дохилии ҶТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.