Баррасии мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Кемерово

Чанде қабл роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Асрор Одинаев бо сардори Раёсати хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Кемеровои Русия Евгений Осипчук мулоқот кард. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ба масоили фаъолияти хадамотҳо таваҷҷуҳ зоҳир шуда, ҳамчунин як қатор мушкилоти муҳими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Асрор Одинаев бо сардори Раёсати хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Кемеровои Русия Евгений Осипчук мулоқот кард.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ба масоили фаъолияти хадамотҳо таваҷҷуҳ зоҳир шуда, ҳамчунин як қатор мушкилоти муҳими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави ин вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо атрофи чораҳои минбаъда ҷиҳати барасмиятдарории қонунии ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон, ки барои ба таври қонунӣ кору зиндагӣ кардани онҳо шароит муҳайё месозад, табодули афкор намуданд.

Е.Осипчук зикр кард, ки Раёсати хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Кемеровои Русия ояндаи наздик ният дорад, ки Маркази ягонаи муҳоҷиратро боз намояд. «Дар ин марказ муҳоҷирон натанҳо ҳуҷҷатҳои ба таври қонунӣ ба фаъолият машғул шудан, балки полиси тиббӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ мутобиқи қонунгузории Русияро базудӣ дастрас карда метавонанд», – гуфт ӯ.

Дар навбати худ А.Одинаев ин иқдомро дастгирӣ намуда, изҳор кард, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин самт ба ҳамкорӣ бо ҷалби имконоти КВД «Тоҷикхориҷакор омода аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар А.Одинаев ҳамчунин бо 40 нафар донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи давлатии кишоварзии Кемерово ва ҳудуди 40 нафар бинокорони тоҷик, ки дар сохтмони як беморхона саҳм мегузоранд, низ мулоқот кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.