Кӯмаки тоҷикистониён ба кӯдакони маъюби Санкт-Петербург

Фонди хайрияи кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷики шаҳри Санкт-Петрбурги Русия ба хона-интернати №1 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди ин шаҳр бо як миқдор маҳсулоти ғизойӣ ва маводи канселярӣ кӯмак кард. Дар ин хона-интернат беш аз 300 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд тарбия мегиранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Фонд Неъмат Бобоҷонов хабар дод, иқдоми мазкур ба муносибати […]

ASIA-Plus


Фонди хайрияи кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷики шаҳри Санкт-Петрбурги Русия ба хона-интернати №1 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди ин шаҳр бо як миқдор маҳсулоти ғизойӣ ва маводи канселярӣ кӯмак кард. Дар ин хона-интернат беш аз 300 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд тарбия мегиранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Фонд Неъмат Бобоҷонов хабар дод, иқдоми мазкур ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон сурат гирифтаааст. «Қаблан мо аз ин хона-интернат боздид карда, аз эҳтиёҷоти мавҷудаи кӯдакон огоҳ гардидем ва маълум шуд, ки онҳо барои эҷодкорӣ ба маводи канселярӣ аз қабили қаламу ранг, албом ва ғайра ниёз доштаанд», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, Фонд минбаъд низ мувофиқи имкон ба хонаҳои кӯдакон ва интернатҳои шаҳри Санкт-Петербург кӯмак хоҳад расонид, зеро «хайру эҳсон кори ҳар як мусулмони оқил аст».

Фонди хайрияи кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷики шаҳри Санкт-Петрбурги Русия созмони ҷамъиятиест, ки чанде пеш дар шаҳри Санкт-Петербург таъсис ёфт. Ҳадаф аз таъсиси созмон кӯмак ба ҳамватанон дар ҳалли мушкилоти онҳо аст. Аз ҷумла, Фонд барои интиқоли ҷасадҳои муҳоҷирон ба ватан мусоидат менамояд. Ҳамчунин Фонд аксияҳои гуногуни хайрия низ доир месозад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.