Боздиди генерали Чин аз парлумони Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сардори Ситоди генералии артиши халқӣ-озодихоҳи Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҷаноби Чэн Бинде ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, раиси Маҷлиси намояндагон ташрифи меҳмонони олимақомро ба бинои парлумони Тоҷикистон фоли нек арзёбӣ намуда, ин боздидро […]

ASIA-Plus


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сардори Ситоди генералии артиши халқӣ-озодихоҳи Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҷаноби Чэн Бинде ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, раиси Маҷлиси намояндагон ташрифи меҳмонони олимақомро ба бинои парлумони Тоҷикистон фоли нек арзёбӣ намуда, ин боздидро омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус арсаи низомӣ арзёбӣ кард.

Мавсуф нахуст ба меҳмонон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ҳамзамон изҳор дошт: «Барои мо мояи ифтихори бузург аст, ки парлумони мамлакатамон бо бештари парламентҳои кишварҳои мутаррақии ҷаҳон, аз ҷумла Маҷлиси Умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамкорӣ ва муносиботи хуб дорад. Бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парламенти Хитой таъсис дода шудааст».

Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки то кунун байни ҷумҳуриҳои мо 150 санади меъёрии ҳуқуқии дуҷониба ба имзо расидааст, ки Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳамҷавории нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ муҳимтарини ин аснод ба шумор меравад. «Иштироки Чин дар татбиқи 50 лоиҳаҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд», – таъкид кард Зуҳуров.

Сардори Ситоди генералии артиши халқӣ-озодихоҳи Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҷаноби Чэн Бинде низ аз сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар заминаи амниятиву низомӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дорои зарфиятҳои бештари барқарории равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ин кишвар ҳар замон омода аст, ки аз ин зарфиятҳо барои миллату мардуми Тоҷикистони дӯсту ҳамҷавор истифода намояд.

Мавсуф ҳамчунин тақвияти муносиботи кишвараш дар бахши низомиву амниятӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таъмини амният ва сулҳу субот дар кишварҳои якдигар ва ҳифзи марзи муштарак муҳим арзёбӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.