Собиқ губернатори Иркутск дабири кулли СҲШ таъин шуд

Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи ба мансаби дабири кулли созмон таъин кардани собиқ губернатори вилояти Иркутски Русия Дмитрий Мезенсев қарор қабул карданд. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, Мезенсев дар ин мансаб намояндаи Қирғизистон Муратбек Иманалиевро иваз кард. Ҳамчунин бо қарори сарони кишварҳо, директори Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитеррористии СҲШ намояндаи Чин Чжан […]

ASIA-Plus


Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи ба мансаби дабири кулли созмон таъин кардани собиқ губернатори вилояти Иркутски Русия Дмитрий Мезенсев қарор қабул карданд.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, Мезенсев дар ин мансаб намояндаи Қирғизистон Муратбек Иманалиевро иваз кард.

Ҳамчунин бо қарори сарони кишварҳо, директори Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитеррористии СҲШ намояндаи Чин Чжан Синфен таъин гардид.

Роҳбарони тозатаъин дар ин мансаб аз 1-уми январи соли 2013 то 31-уми декабри соли 2015 ифои вазифа хоҳанд кард.

Дар нишасти Пекин Чин раёсат дар СҲШ-ро то нишасти дигар ба Қирғизистон супорид. «Ҷаласаи навбатии Шӯрои срони кишварҳои узви СҲШ соли 2013 дар Қирғизистон доир мегардад», – гуфта мешавад дар хабар.

Ба зиммаи котиботи СҲШ вазифаҳои таъмини тадорукотиву техникии чорабиниҳо дар доираи созмон, таҳия ва амлисозии асноди тамоми мақомоти СҲШ ва омодасозии пешниҳодот оид ба буҷети ҳамасолаи созмон вогузор шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.