«Сафина» бозиҳои Чемпионати футболи Аврупоро намоиш медиҳад

Шабакаи телевизионии «Сафина» дар бораи маросими ифтитоҳи Чемпионати Аврупо оид ба футбол як барномаеро мавриди таҳия қарор додааст. Бозии нахустин миёни дастаҳои Лаҳистон (Полша) ва Юнон сурат мегирад. Ба гуфтаи муҳаррири барномаҳои варзишии телевизиони «Сафина» Вамариҷ Муродов, шабака ният дорад, ки тамоми бозиҳои Чемпионати Аврупоро бо забони русӣ намоиш диҳад. Шабакаи телевизионии «Сафина» ҳамчунин аз […]

ASIA-Plus


Шабакаи телевизионии «Сафина» дар бораи маросими ифтитоҳи Чемпионати Аврупо оид ба футбол як барномаеро мавриди таҳия қарор додааст. Бозии нахустин миёни дастаҳои Лаҳистон (Полша) ва Юнон сурат мегирад.

Ба гуфтаи муҳаррири барномаҳои варзишии телевизиони «Сафина» Вамариҷ Муродов, шабака ният дорад, ки тамоми бозиҳои Чемпионати Аврупоро бо забони русӣ намоиш диҳад.

Шабакаи телевизионии «Сафина» ҳамчунин аз ҷараёни чемпионат бо забони тоҷикӣ рӯзномаи чемпионатро низ пешкаш хоҳад кард, ки дар танафуси бозиҳо пахш хоҳад шуд. В.Муродов гуфт, бо иштироки шореҳон ва коршиносони маҳаллӣ аз натоиҷи ҳар як давр натиҷагирӣ хоҳад шуд.

Намояндаи Шабакаи аввали телевизиони давлатӣ («Шабакаи аввал») изҳор кард, ки дар ин шабака низ бозиҳои Чемпионати Аврупо оид ба футбол намоиш дода мешаванд, вале дақиқан шарҳ надод, ки оё барои ин шабака иҷозатнома дорад ё на.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мувофиқи имкон бозиҳои Чемионати футболи Аврупоро намоиш хоҳанд дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.