Намояндагони ХБА аз сиёсати андози Тоҷикистон огоҳ шуданд

Чанде қабл дар Вазорати молияи Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо гурӯҳи намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор таҳти сарварии сариқтисодчии Раёсати маъмурии даромадҳои департаменти масоили фискалии БА Эндрю Мастерс доир гардид. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар мулоқот оид ба масоили муҳим дар бахши роҳандозии сиёсати андоз табодули афкор сурат […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар Вазорати молияи Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо гурӯҳи намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор таҳти сарварии сариқтисодчии Раёсати маъмурии даромадҳои департаменти масоили фискалии БА Эндрю Мастерс доир гардид.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар мулоқот оид ба масоили муҳим дар бахши роҳандозии сиёсати андоз табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили такмили сиёсати маъмурии андозбандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамчунин чораҳои андешида оид ба бозбинии лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ҷамолиддин Нуралиев аҳаммияти такмили сиёстаи андозбандии маъмуриро таъкид сохта, изҳор кард, ки Тоҷикистон минбаъд низ дар ин самт аз таҷрибаи пешқадам ва мусбати кишварҳои дигар истифода хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.