Соли равон ВКД беш аз 6,7 ҳазор парвандаҳои ҷиноиро тафтиш кард

Бино ба маълумоти таҳлилгарони Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар зарфи 5 моҳи соли равон муфаттишони мақомоти мазкур беш аз 6,7 ҳазор парвандаҳои ҷиноиро мавриди тафтиш қарор додаанд. Аз шумори умумии парвандаҳои ҷиноии дар истеҳсолоти муфаттишон қарордошта 1 ҳазору 960 парванда оид ба 3 ҳазору 421 далел бо айбнома ба баррасии суд ирсол гардидааст, […]

Наргис Ҳамробоева


Бино ба маълумоти таҳлилгарони Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар зарфи 5 моҳи соли равон муфаттишони мақомоти мазкур беш аз 6,7 ҳазор парвандаҳои ҷиноиро мавриди тафтиш қарор додаанд.

Аз шумори умумии парвандаҳои ҷиноии дар истеҳсолоти муфаттишон қарордошта 1 ҳазору 960 парванда оид ба 3 ҳазору 421 далел бо айбнома ба баррасии суд ирсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 парванда бештар аст. Тибқи ин парвандаҳои ҷиноӣ 2 ҳазору 412 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, нисбат ба 1 ҳазору 185 нафари онҳо чораи ба ҳабс гирифтан татбиқ шудааст.

Гуфта мешавад, мутобиқи моддаи 200-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) 169 парванда нисбат ба 247 нафар, моддаҳои 201-205 (Муомилоти ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ, моил   кардан   ба  истеъмоли воситаҳои   нашъадор, парвариши  ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадор ва ташкил ё нигаҳдошти фасодхона  барои  истеъмоли  воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) 108 парванда нисбат ба 115 нафар, риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ 206 парванда нисбат ба 208 нафар шаҳрвандон боз шудааст.

Барои даст ба дуздиву ғоартгарӣ задан 870 нафар шаҳрвандон боздошт шуда, 146 нафар ба қаллобӣ муттаҳам дониста шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.