Муроҷиати кормандону мизоҷони ширкати «Мовароуннаҳр» ба Маҷлиси миллӣ

Кормандон ва мизоҷони ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» бо дархости муосидат ба ҳалли мунсифонаи мурофиаҳои судӣ атрофи ширкат ва раиси он Ҷӯрабек Охунов ба котиботи иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум муроҷиат намуданд. Аъзои Маҷлиси миллӣ муроҷиати мазкурро ҷиҳати баррасӣ ба Прокуратураи генералӣ ва Суди олии ҷумҳурӣ ирсол карданд. Мутобиқи регламенти Маҷлиси миллӣ ва […]

Аваз Юлдошев


Кормандон ва мизоҷони ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» бо дархости муосидат ба ҳалли мунсифонаи мурофиаҳои судӣ атрофи ширкат ва раиси он Ҷӯрабек Охунов ба котиботи иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум муроҷиат намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ муроҷиати мазкурро ҷиҳати баррасӣ ба Прокуратураи генералӣ ва Суди олии ҷумҳурӣ ирсол карданд. Мутобиқи регламенти Маҷлиси миллӣ ва қонунгузории Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ ва Суди олӣ уҳдадоранд, ки дар муддати як моҳ ба Маҷлиси миллӣ, кормандон ва мизоҷони ширкат дар ин хусус посух диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки мурофиаи судӣ оид ба парвандаи роҳбари ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунови 53-сола дар арафаи анҷомёбист. Дар ҷаласаи навбатии судӣ, ки 25-уми майи соли равон доир гардид, айбдоркунандаи давлатӣ дархост кард, ки Охунов мутобиқи се моддаи пешниҳодшуда гунаҳкор эътироф гардида, ба муддати 17 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.

Ғайр аз ин, айбдоркунандаи давлатӣ пешниҳод кард, ки як қатор иншооти ширкати «Мовароуннаҳр» фурӯхта шуда, маблағҳо ба саҳҳомон тақсим карда шаванд.

Ҷӯрабек Охунов ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ ва расонидани зарар ба амвол тавассути фиреб ё суистеъмол аз боварӣ муттаҳам карда мешавад.

Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов моҳи ноябри соли 2010 боздошт шуда буд. Муфатттишон ҳамеша далелҳои нав пайдо мекарданд, ки сипас он ба як истеҳсолот муттаҳид карда шуд. Масалан, далели азхудкунии 2,8 млн. сомонӣ маблағе, ки аз «Тоҷиксуғурта» барои сохтмони идораҳои зертобеъ дар ноҳияҳо гирифта шуда буд, муайян карда шуд. «Ин маблағҳоро раиси ширкат ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст ва он дар ҷараёни санҷиш исбот гардид», – гуфта буданд дар Прокуратураи генералии ҶТ.

Ғайр аз ин, ширкат ҳамчунин  ба азхудкунии 7,4 млн. сомонӣ маблағи Бонки исломӣ, ки барои маркази солимӣ дар ноҳияи Данғара ҷудо шуда буд, гунаҳкор дониста шуда буд. Аммо адвокати судшаванда Шӯҳрат Қудратов мӯътақид аст, ки мутобиқи қарордодҳои баимзорасида миёни ҷонибҳо, биноҳои «Тоҷиксуғурта» бояд ахири соли 2010 мавриди истифода қарор мегирифтанд, вале Охунов аз моҳи ноябри соли 2010 дар маҳбас қарор дорад ва аз он замон фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» қатъ гардида, аз ин рӯ, иншооти мазкур ба истифода дода нашуданд.

«Сохтмони иншоот то ҳабси Охунов мувофиқи реҷаи муқаррашуда сурат гирифта буд ва корҳои сохтмонӣ қисман ба анҷом расонида шудаанд. Ба маблағи боқимонда масолеҳи сохтмон харида шудааст, ки айни замон дар анборҳои ширкат нигаҳдорӣ мешаванд», – изҳор дошта буд Қудратов.

Моҳи феврали соли равон вазъи рӯҳии раиси 53-солаи ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабаек Охунов якбора хеле бад шуда, аввали моҳи март ӯ ҷиҳати табобат ба дармонгоҳи муолиҷаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.