Баррасии масъалаи оғози сохтмони нерӯгоҳи «Айнӣ» дар Душанбе

Date:


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Лутфулло Фурӯзандаро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамои матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ба кор даровардани чархаи дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон, ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқии ду кишвар, кашидани лӯлаи об аз Тоҷикистон ба Эрон баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, ду ҷониб аз фаъолияти босамари 150 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон ва афзоиши тиҷорати мутақобила, ки соли 2011 ҳаҷми умумии он ба 204 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2010 2% афзудааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамзамон бо ин Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «имкону захираҳо барои якчанд маротиба боло бурдани нишондодҳои табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон хеле зиёд аст».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related