Баррасии масъалаи оғози сохтмони нерӯгоҳи «Айнӣ» дар Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Лутфулло Фурӯзандаро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамои матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ба кор даровардани чархаи дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон, ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқии ду кишвар, кашидани […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Лутфулло Фурӯзандаро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамои матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ба кор даровардани чархаи дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон, ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқии ду кишвар, кашидани лӯлаи об аз Тоҷикистон ба Эрон баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, ду ҷониб аз фаъолияти босамари 150 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон ва афзоиши тиҷорати мутақобила, ки соли 2011 ҳаҷми умумии он ба 204 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2010 2% афзудааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамзамон бо ин Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «имкону захираҳо барои якчанд маротиба боло бурдани нишондодҳои табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон хеле зиёд аст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.