Оғози мурофиаи судии кормандони боздоштгоҳи муваққатӣ дар ҷануб

Дар суди шаҳри Қӯрғонтеппа баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ муовини сардори боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и ноҳияи Шаҳритӯс Миралӣ Тошматов ва корманди дигари ин боздоштгоҳ Мусулмон Холматов оғоз гардид. Миралӣ Тошматов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 314, қ. 1 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва 319, қ. 2 (Гирифтани пора) ва Мусулмон Холматов танҳо бо моддаи […]

Сайраҳмон Назриев


Дар суди шаҳри Қӯрғонтеппа баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ муовини сардори боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и ноҳияи Шаҳритӯс Миралӣ Тошматов ва корманди дигари ин боздоштгоҳ Мусулмон Холматов оғоз гардид.

Миралӣ Тошматов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 314, қ. 1 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва 319, қ. 2 (Гирифтани пора) ва Мусулмон Холматов танҳо бо моддаи аввалӣ айбдор карда мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовир оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Бахтиёр Ҳайдаров хабар дод, риоя накардани дастурҳои мансабӣ аз ҷониби ин ду нафар ба гурехтани ду маҳкумшуда боис гардидааст.

Санаи 14-уми марти соли равон суди ноҳияи Шаҳритӯс шаҳрвандон Рӯзибой Чориев ва Рӯзибой Шерхоновро ба дуздӣ муттаҳам дониста, ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард.

Пас аз ду рӯз кормандони боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и ноҳияи Шаҳритӯс Тошматов ва Холматов бояд маҳкумшудагонро ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол медоданд. «Аммо маҳкумшуда Шерхонов ба онҳо 100 сомонӣ маблағ пешниҳод намуда, дархост мекунад, ки иҷозат диҳанд, ҳамсарашро низ ба мошин гирифта, дар соҳили дарё дар ноҳияи Қубодиён бо ӯ мулоқот кунад», – зикр кард муфаттиш.

Пас аз ин онҳо маҳкумшудагонро бидуни дастбанд ҳамроҳӣ намуда, дар яке аз қаҳвахонаҳои сари роҳ таваққуф мекунанд, то ки ғизо тановул намоянд. «Ҳангоми наздик шудан ба боздоштгоҳи мувақкатӣ онҳо муддате маҳкумшудагонро дар мошин беназорат мегузоранд ва онҳо аз ин фурсати қулай истифода бурда, рӯ ба гурез мениҳанд», – афзуд Ҳайдаров.

Баъдтар маҳкумшудагони фирорӣ боздошт шуданд. Прокуратура нисбат ба ин амали кормандони боздоштгоҳи муваққатӣ Тошматов ва Холматов парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Дар ҷараёни тафтишот гуноҳи ҳарду исботи худро ёфта, 17-уми май парванда ба суд ирсол гардид.

Дар ҷаласаи нахустини судӣ, ки 13-уми июн баргузор шуд, Тошматов қисман ба гуноҳи худ, яъне танҳо ба суистифода аз ваколатҳои мансабӣ иқрор шуд. Суд то 18-уми июн танаффус эълон кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.