Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Аббосалӣ Каром оглу Гасановро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавариди таваҷҷӯҳи тарафҳо муҳокима шуданд.
«Раиси Маҷлиси намояндагон ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки фаъолият доштани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ду кишвар заминаи хуберо барои таҳкими ин муносибот ба вуҷуд меорад. Боздиди ҳайатҳои парлумонии ду кишвар аз мамлакатҳои ҳамдигар низ барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалидошта кӯмак хоҳад кард. То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 20 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидаанд ва имзои ин санадҳо фазои ҳамкориҳои гуногунсоҳаро байни ҷумҳуриҳои мо боз ҳам беҳтар хоҳанд кард», – гуфтанд дар хадамоти матбуот.
Дар навбати худ Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Аббосалӣ Каром оглу Гасанов изҳор дошт, ки ӯ ба мардум ва миллати тоҷик назари нек дорад ва ба ҳайси сафири нави кишвараш дар Душанбе аз тамоми имконот ва маҳорату дониши худ барои таҳкими ҳамкориҳои мамлакаташ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард.
Мавсуф изҳор дошт, ки моҳи оянда байни шаҳрҳои Душанбе ва Боку хатсайри ҳавоии Душанбе – Боку – Боку – Душанбе ифтитоҳ хоҳад ёфт, ки ин барои боз ҳам наздиктар шудани ду миллати тоҷику озарӣ мусоидат мекунад.


