Дар Тоҷикистон ният доранд, ки яке аз қуллаҳои беноми Помир бо баландии 5600 метрро «Қуллаи 20-солагии иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Тоҷикистон» номгузорӣ кунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ассотсиатсияи индустрияи сайёҳӣ (ADTI) хабар доданд, дар робита ба номгузории қулла аз 22-юми июл то 22-юми август экспедитсияи байнулмилалии кӯҳнавардӣ ба ин қулла доир мегардад.
Аммо то ҳол дар бораи ба қулла гузоштани номи «Қуллаи 20-солагии иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Тоҷикистон» қарори ҳукумат қабул нашудааст. Интизор меравад, ки ин қарор дар арафаи оғози экспедитсия қабул гардад.
«Қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи номгузории қулла бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, рӯзҳои наздик ба баррасии ҳукумат пешниҳод мегардад. Бо қабули қарор мо ба экспедитсия ба ин қулла раҳсипор мешавем», – гуфт манбаъ.


