Дар Теҳрон пас аз бемории тӯлонӣ журналисти рӯзномаи «Рӯзи нав» Мавлуда Султонзода вафот кард. Ӯ дар Эрон муолиҷа мегирифт. Интизорӣ меравад, ки ҷасади ӯ рӯзи шанбе ба Душанбе оварда шуда, рӯзи якшане ба хок супурда мешавад.
Пас аз нашри маводи пурсарусадои «Раҳмонов кист?» дар соли 2004 Мавлуда Султонзода маъруфият пайдо кард. Ин мавод дар ҳафтавори «Нерӯи сухан» ба табъ расида буд.
Пас аз нашри ин мақола Мавлуда Султонзода мавриди таҳдид қарор гирифта, аз хавфи зарар ба духтаронаш маҷбур шуд, ки Тоҷикистонро тарк кунад.
Ахиран Мавлуда Султонзода дар Душанбе ба сар бурда, дар муҳлати муайян барои муолиҷа ба Эрон мерафт.
Идораи ОИ «Азия-Плюс» ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, барояшон аз даргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил хоҳон аст.


