То ахири сол ҳукумат ба маблағи беш аз 102 млн. $ созишнома ба имзо расониданист

Дар музокироти парлумонӣ бахшида ба масоили иҷрои буҷети давлатӣ дар 5 моҳи соли равон вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки то ахири сол ҳукумат ба маблағи беш аз 102 млн. $ созишнома ба имзо расониданист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, вазири молия зикр кард, ки […]

Аваз Юлдошев


Дар музокироти парлумонӣ бахшида ба масоили иҷрои буҷети давлатӣ дар 5 моҳи соли равон вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки то ахири сол ҳукумат ба маблағи беш аз 102 млн. $ созишнома ба имзо расониданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, вазири молия зикр кард, ки дар зарфи 5 моҳи соли равон ба маблағи 220 млн. сомонӣ 4 созишномаҳои қарзӣ ва бурсӣ ба имзо расиданд, ки 80%-и онҳоро воситаҳои бурсӣ ташкил медиҳанд.

«Дар навбати худ раиси Кумитаи иқтисод ва молияи парлумон Сафаралӣ Раҷабов иброз дошт, ки дар ин давра буҷети давлатӣ ба андозаи 103 дарсад ба иҷро расидаааст. «Дар зарфи 5 моҳи соли равон ба буҷети давлатӣ 3,4 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид», – гуфт ӯ.

Сафаралӣ Раҷабов ҳамчунин изҳор кард, ки дар ҷараёни тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳаҷми 65,8 млн. сомонӣ зарар ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,1 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад. Аз ин миқдор 42 млн. сомонӣ аллакай барқарор карда шудааст.

«Зикр гардид, ки камбудиҳои молиявӣ дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 6 млн. сомонӣ, Вазорати маориф дар ҳаҷми 4,3 млн. сомонӣ ва вазоратҳои тандурустиву энергетика ва саноат ошкор шудаанд», – таъкид карданд дар хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.