Имсол маҷрои рӯди Вахш барои сохтмони сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» баста намешавад

Соли равон маҷрои рӯди Вахш барои сохтмони сарбанди нерӯгоҳи «Роғун баста намешавад. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, ин қарор аз ҷониби саҳҳомони ҶСК «НОБ Роғун» қабул шудааст. Дар Вазорати энергетика ва саноат мегӯянд, ба таъхир афтодани корҳои бастани маҷрои рӯди Вахш ба аз ҷониби коршиносони байнулмилалӣ пешниҳод нашудани ташхисҳо оид ба нерӯгоҳ […]

Пайрав Чоршанбиев


Соли равон маҷрои рӯди Вахш барои сохтмони сарбанди нерӯгоҳи «Роғун баста намешавад. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, ин қарор аз ҷониби саҳҳомони ҶСК «НОБ Роғун» қабул шудааст.

Дар Вазорати энергетика ва саноат мегӯянд, ба таъхир афтодани корҳои бастани маҷрои рӯди Вахш ба аз ҷониби коршиносони байнулмилалӣ пешниҳод нашудани ташхисҳо оид ба нерӯгоҳ марбут аст.

Ёдрас мекунем, ки Бонки ҷаҳонӣ барои ду таҳқиқоти арзёбӣ ҷиҳати баҳодиҳии ба мақсад мувофиқ будани лоиҳаи Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун (НБО) тибқи стандартҳои байналмиллалӣ, бахусус арзёбии фаннӣ ва иқтисодӣ ва арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ маблағ ҷудо намуд. Тибқи қарордод бо Ҳукумати ҶТ, ду гурӯҳи байналмиллалии коршиносон дар таҳқиқоти арзёбӣ иштирок карда, фикру мулоҳизаҳо ва тавсияҳои худро пешниҳод менамояд. Ғайр аз ин, дар давоми раванди мазкур, кишварҳои ҳавзаи дарёӣ бо маълумот таъмин карда шуда, ба ҷараёни машварат ҷалб карда мешаванд.

Нахуст дар машваратҳои Алмаато пешбинӣ шуда буд, ки Бонки ҷаҳонӣ то ахири соли 2011 натиҷаҳои ташхисро дастрас хоҳад кард, вале моҳи декабри соли гузашта директор оид ба стратегия ва лоиҳаҳои БҶ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ  Теодор Алерс зимни боздид аз Тоҷикистон оид ба масоили раванд ва методологияи гузаронидани таҳқиқот изҳори ташвиш намуд.

Моҳи майи соли равон хадамоти тоҷикиии Би-Би-Сӣ бо истинод ба яке аз кормандони масъули Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар дод, ки Бонк бо Тоҷикистон дар мавриди масоили техникӣ гуфтушунид дорад.

Собиқ корманди масъули ҶСК «НОБ Роғун» дар робита ба ин масъала иброз дошта буд, ки «масоили техникӣ»-и зикршуда ба паст кардани сарбанд аз 335 метр то ба 170 метр дахл дорад.

Ахири моҳи майи соли ҷорӣ вазири корҳои ҳориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, Тоҷикистон моҳи феврали соли 2013 анҷоми ташхисро интизор аст. «Мо дар ин хусус гуфтушунидҳои зиёд доштем ва акнун умедворем, ки гузориши ниҳоӣ моҳи феврали соли оянда омода мегардад», – гуфта буд Ҳ.Зарифӣ зимни сафар ба ИМА.

Ёдрас мекунем, ки Ӯзбекистон ба иллати ташвиши рахна шудани сарбанд бар асари заминҷунбӣ мухолифи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аст. Аммо дар Тоҷикистон ин ташвишҳои кишвари ҳамсояро бепоя мехонанд, зеро дар кишвар чунин навъи сарбандҳо муддати чор даҳсола устувории худро собит кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.