Баррасии натоиҷи Ҳамоиши ҷаҳонии об дар Қирғизистон

Имрӯз дар Қирғизистон дар мавзӯи «Натоиҷи Ҳамоиши VI-уми ҷаҳонии об: Ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар масъалаи захираҳои обии фаромарзӣ дар минтақаи Осиёи Маркзӣ» семинар ба кор шурӯъ мекунад. Семинар аз ҷониби Маркази СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ бо дастгирии ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико созмон дода мешавад. Бино ба маълумоти иттилоияи Маркази мазкур, […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Қирғизистон дар мавзӯи «Натоиҷи Ҳамоиши VI-уми ҷаҳонии об: Ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар масъалаи захираҳои обии фаромарзӣ дар минтақаи Осиёи Маркзӣ» семинар ба кор шурӯъ мекунад. Семинар аз ҷониби Маркази СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ бо дастгирии ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико созмон дода мешавад.

Бино ба маълумоти иттилоияи Маркази мазкур, дар доираи вохӯрии дурӯза баррасии натоиҷи Ҳамоиши ҷаҳонии об дар шаҳри Марсел (Фаронса) ва дар партави он муҳокимаи моделҳои гуногуни рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар масоили идоракунии захираҳои обии фаромарзӣ дар минтақа дар назар аст.

Иштирокдорони семинар бо паҳлӯҳои нави истифодаи муштараки захираҳои обии фаромарзӣ дар таҷрибаи байнулмилалӣ шинос шуда, муколама оид ба варақаи огоҳкунии пешакӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ идома меёбад.

Дар кори семинар шахсони расмии макомоти дахлдори кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, Кумитаи иҷроияи Бунёди наҷоти баҳри Арал, намояндагони сохторҳои СММ, созмонҳои гуногуни минтақавӣ ва коршиносони байнулмилалӣ иштирок мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.