Решакан шудани беш аз 30 ҳазор ниҳоли бангдона дар Суғд

Date:


Рӯзҳои истироҳати гузашта дар чаҳорчӯби баргузории амалиёти  «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд беш аз 30 ҳазор ниҳоли маводи нашъаовари бангдона ошкор ва нобуд карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, майдони кишти ниҳоли бангдона дар қаламрави бригадаи № 6-и хоҷагии деҳқонии ба номи «А.Ҷумъаев»-и ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор шудааст. Дар ин ҷо 20 ҳазору 246 адад ниҳоли бангдона решакан шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз беш аз 6 ҳазор ва дар заминҳои бекорхобидаи деҳоти ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом зиёда аз 8 ҳазор адад ниҳоли бангдона дарёфт ва нобуд карда шуд. Дар деҳаи Табуши ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ кормандони мақомот беш аз 13 ҳазор ниҳоли бангдонаро дарёфт ва решакан карданд.

Ёдрас мекунем, ки амалиёти «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд 20-уми май оғоз гардида, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад. Шурӯъ аз оғози амалиёт то имрӯз дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 млн. адад ниҳоли бангдона дарёфт ва нобуд карда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...