Қабули қонун «Дар бораи бехатарии маҳсулоти ғизойӣ»

Date:


Имрӯз дар ҷаласаи охирини иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум вакилони парлумон бидуни баррасӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳсулоти ғизойӣ»-ро якдилона дастгирӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба шарҳу тавзеҳи моҳияти қонуни мазкур муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Гулчеҳра Бозорова изҳор кард, ки лоиҳаи қонуни зикршуда бо ҷалби коршиносони байнулмилалӣ таҳия гардида, яке аз талаботи ба Созмони ҷаҳонии савдо ворид шудани Тоҷикистон мебошад.

«Пеш аз ҳама ин қонун ба ҳифзи ҳаёт ва солимии аҳолии Тоҷикистон ва ҳифзи муҳити зист нигаронида шуда, меъёри назорати давлатӣ ба истеҳсол, ҳамлу нақл ва савдои маҳсулоти ғизойиро муайн мекунад», – гуфт Г.Бозорова.

Ба қавли муовини вазир, мутобиқи қонун масъулияти асосии таъмини бехатарии маҳсулоти ғизойӣ дар ҷумҳурӣ ба дӯши истеҳсолкунандагон вогузор шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...