Моддаҳои туҳмату таҳқир ғайриҷиноӣ эълон шуданд

Моддаҳои туҳмату таҳқир аз қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон хориҷ гардида, ба қатори қонуншиканиҳои шаҳрвандӣ шомил шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат хабар дод, чанде қабл президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тағйироти дахлдор дар ин бора ба Кодекси ҷиноиро, ки қаблан аз ҷониби парлумон қабул шуда буд, ба имзо расонидааст. Ёдрас мекунем, […]

Аваз Юлдошев


Моддаҳои туҳмату таҳқир аз қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон хориҷ гардида, ба қатори қонуншиканиҳои шаҳрвандӣ шомил шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат хабар дод, чанде қабл президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тағйироти дахлдор дар ин бора ба Кодекси ҷиноиро, ки қаблан аз ҷониби парлумон қабул шуда буд, ба имзо расонидааст.

Ёдрас мекунем, ки 10-уми марти соли равон дар маҷлиси бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки моддаҳои 135 (тӯҳмат) ва 136 (таҳқир) аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон хориҷ карда шаванд.

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки хориҷ шудани ин моддаҳо аз Кодекси ҷиноӣ ба рушди озодии баён ва демократия дар кишвар мусоидат мекунад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат президенти ҷумҳурӣ чанде қабл ҳамчунин як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид. Аз ҷумла, қонунҳои ҶТ «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Дар бораи мараторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» ва ғайра ба тасвиб расиданд.

Тамоми қонунҳо ва тағйироту иловаҳои ба онҳо воридшуда, ки аз ҷониби сарвари давлат ба имзо расиданд, пас аз нашр дар матбуоти расмӣ ҳукми қонуниро соҳиб мешаванд.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.