Хуҷанд: Мурофиаи судии занони гумонбар ба хариду фурӯши одамон

Date:


Дар шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ нисбат ба ду нафар занон, ки ба даст доштан дар ҷалби одамон барои истифода бо мақсадҳои шаҳвонӣ гумонбар дониста мешаванд, идома дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров хабар дод, занони гумонбар сокини 33-солаи ноҳияи Зафаробод ва сокини 30-солаи шаҳри Чкаловск мебошанд.

Судя зикр кард, ки яке аз занон таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта, 28-уми феврали соли равон ҳангоми парвоз ба Шарҷа дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шудааст. Тибқи маълумоти расида ба кормандони макомот, ин зан ба сафарбар намудани духтарон ба хориҷи кишвар барои истифода бо мақсадҳои шаҳвонӣ машғул будааст.

Ӯ мутобиқи моддаҳои 247, қ. 2 (Қаллобӣ), 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва 132, қ. 3 (Ҷалби одамон барои истисмор бо мақсади аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани чунин шахсон)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад.

«Дар ҷараёни тафтишот ӯ иқрор шуд, ки бо сокини 30-солаи шаҳри Чкаловск ҳамроҳ кор мекардаанд ва ӯ барои ҳар як духтари пешниҳодшуда ба ҳаммаслакаш 500 доллари ИМА маблағ медодааст», – зикр кард судя.

Ба зани дуюм мутобиқи моддаи 132, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбнома пешниҳод шудааст. Айни замон ба ӯ тарк кардани маҳалли зист манъ шудааст, зеро се нафар фарзандони ноболиғро ӯ яккаву танҳо тарбия мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...