Оғози парвандаи ҷиноии нахустин оид ба шиканҷа дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон бори нахуст тибқи моддаи нави Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ – «Шиканҷа» парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Зимни нишасти хабарӣ дар прокуратураи вилоят муовини аввали прокурори вилояти Хатлон Баҳодур Ҳомидов гуфт, нисбат ба корманди милисаи минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев мутобиқи моддаҳои 143, қ. 1 (Шиканҷа), 109 (То ба худкушӣ оварда расонидан) […]

Сайраҳмон Назриев


Дар вилояти Хатлон бори нахуст тибқи моддаи нави Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ – «Шиканҷа» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Зимни нишасти хабарӣ дар прокуратураи вилоят муовини аввали прокурори вилояти Хатлон Баҳодур Ҳомидов гуфт, нисбат ба корманди милисаи минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев мутобиқи моддаҳои 143, қ. 1 (Шиканҷа), 109 (То ба худкушӣ оварда расонидан) ва 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

«Рӯзи 29-уми апрели соли равон сокини деҳаи Қулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон Хушвақти Маҳмадсаидро дар манзили зисташ ба дор овехта дарёфт карданд. Наздикону хешовандонаш ӯро аз дор берун оварда, ба бемористон овардаанд ва ӯ то ҳанӯз дар он ҷо бистарӣ аст», – гуфт Ҳомидов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки чанде қабл аз ин ҳодиса милисаи минтақавӣ Хушвақтро ба ҳуҷраи кориаш даъват ва ӯро ба дуздӣ муттаҳам карда, бо таҳқиру лату кӯб маҷбур кардаст, ки гуноҳро ба гардан бигирад.

«Тафтишот бар ин назар аст, ки пас аз чунин муносибати бераҳмонаи корманди милиса кӯдак тасмим гирифтааст, ки ба худкушӣ даст занад», – таъкид кард Ҳомидов.

Айни замон парвандаи ҷиноиӣ нисбат ба Машраф Алиев мавриди баррасии суди Ёвон қарор дошта, ба корманди милиса тарки маҳалли сукунат манъ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.