Боздиди сарвари давлат аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф овард ва зимни он ҳамчунин бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун шинос шуда бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом дод. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвари давлат зимни шиносоӣ бо рафти барқарорсозии иншооти мавҷуда ва омодагӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф овард ва зимни он ҳамчунин бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун шинос шуда бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвари давлат зимни шиносоӣ бо рафти барқарорсозии иншооти мавҷуда ва омодагӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз сатҳ ва сифати баланди корҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад».

Президенти кишвар ҳамчунин изҳор дошт, ки «нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад». Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетию саҳмияҳои мардум ва масолеҳи сохтмонӣ дода шуд.

Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ ба идомаи сохтмон ва ҳамчунин табъу руҳияи баланди бунёдгузорони ин кохи нурофарин бараъло аён аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.

 Зимни мулоқот бо фаъолони шаҳри Роғун, ки бо иштироки масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ ва роҳбарони як зумра шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид, ба роҳбарияту аҳли заҳмати онҳо доир ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона, ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, омодагӣ ба зимистон, барои ду сол захира кардани озуқаворӣ, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво супоришҳои мушаххас дод ва таъкид гардид, ки ин ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар низ дахл дорад.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз афзоиши шумораи ҷинояткорию қонуншиканӣ дар миёни ҷавонону наврасон изҳори нигаронӣ карда, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас, иҷрои босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дастуру ҳидоятҳо дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.