Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор корхонаҳои саноатии Озарбойҷон

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор корхонаҳои саноатии Озарбойҷон боздид карда, доир ба ташкили ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвари мо суҳбатҳои судбахш анҷом дод. Тавре аз хадамоти матбуои сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвари давлати Тоҷикистон нахуст ба корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ – Азгунтек ташриф оварда, бо кори он аз наздик шинос шуд. Тавре […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор корхонаҳои саноатии Озарбойҷон боздид карда, доир ба ташкили ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвари мо суҳбатҳои судбахш анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуои сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвари давлати Тоҷикистон нахуст ба корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ – Азгунтек ташриф оварда, бо кори он аз наздик шинос шуд. Тавре зикр гардид, корхонаи мазкур дар доираи татбиқи барномаи давлатии истифода аз манбаъҳои алтернативии нерӯи барқ барои солҳои 2012-2020 бунёд ёфта, фаъолияти ибратбахш дорад. Дар он панелҳо ва дигар ҷузъҳои зарурӣ барои нерӯгоҳҳои офтобию бодӣ истеҳсол мешавад. Тавре зикр гардид, истеҳсоли саноатии чунин маҳсулот ва ба роҳ мондани истифодаи васеи он мутобиқ ба талаботи «иқтисоди сабз» ё худ пешгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист мебошад.

Зимни боздид аз Технопарки Сумгаит (STP) аён гардид, ки дар он таҷҳизоти гуногун ва қисмҳои эҳтиётии зеристгоҳҳои барқӣ, аз ҷумла ноқилҳои мухталиф, изолятор, панелҳои офтобӣ, шабакаҳои гармидиҳии офтобӣ, симҳои луч ва кабелҳои барқии пастшиддату баландшиддат барои истифода дар саноат ва рӯзгор истеҳсол мешавад. Тавре зикр гардид, ноқилҳои барқӣ аз алюминий ва мис истеҳсол шуда, барои он дар як сол то 50 ҳазор тонна алюминий истифода мешавад.

Корхонаи Гринтек (Greentech) бошад, аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ бунёд ёфтааст. Онҳо дар майдони 10 гектар истеҳсоли помидор ва дигар сабзавотро дар гармхонаҳо ба роҳ монда, ҳар сол то 6 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол мекунанд. Чунонки зикр гардид, давоми сол танҳо 1,5 моҳ барои коркард ва омодасозии замин сарф мешавад ва тӯли 10,5 моҳи дигар аз ин гармхонаҳо ҳосил мегиранд. Қисмати зиёди маҳсулот бо нархи гарон ба кишварҳои аврупоӣ содир карда мешавад.

Зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон сармоягузорони ин корхона ба ташкили чунин кор дар Тоҷикистон, ки обу хок ва табиати мусоид дорад, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Боку, ҳамчунин Директори генералии ширкати амрикоии Сокар Фостер Вилер (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо ТРИВЕЛЛА-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ширкати мазкур омода аст, имконсанҷии техникӣ ва иқтисодии бунёди як корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистонро анҷом диҳад. Интизор меравад, ки ин корхона бо сармоягузорӣ ва иштироки якҷояи Тоҷикистону Озарбойҷон бунёд ёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.