Ба вазифаи директори телевизиони «Пойтахт» озмун эълон шуд

Date:


 Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт» озмун эълон кард. Дар ин бора қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дод, озмун муддати 1 моҳ – аз 25-уми июл то 25-уми августи соли равон ҷараён хоҳад гирифт.

«Довталаб бояд ҳатман соҳиби маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. Ба довталабони дар соҳаи журналистика таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта ва донишгоҳу донишкадаҳои  ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро хатм намуда  афзалият дода мешавад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, натиҷаҳои озмун на дертар аз 30-юми августи соли 2012 эълон карда хоҳанд шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...