Суғд: Корманди ширкати аудиторӣ бо пора ба даст афтод

Корманди ширкати аудитории «Сомон-аудит»-и вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ дастгир шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, корманди ширкати аудитории «Сомон-аудит» Ш.У. ҳангоми гирифтани ришва дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА ва 2 ҳазор сомонӣ аз муҳосиби хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ашт Б.П. боздошт шудааст. Ба иттилои […]

Мавлуда Рафиева


Корманди ширкати аудитории «Сомон-аудит»-и вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ дастгир шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, корманди ширкати аудитории «Сомон-аудит» Ш.У. ҳангоми гирифтани ришва дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА ва 2 ҳазор сомонӣ аз муҳосиби хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ашт Б.П. боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Ш.У. аз муҳосиби хоҷагиҳои деҳқонии «Субҳи нав» ва «Ёрматов»-и ноҳияи Ашт, ки дар онҳо санҷиши молиявӣ гузаронидааст, барои ҳалли масъалаи тафтиш ба манфиати хоҷагиҳо ба миқдори дар боло зикршуда пора тамаъ кардааст.

Аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Хуҷанд мутобиқи моддаи 319-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор ё ба воситаи миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати зиддифасоди вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 23 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.