Қатъи таъмини об дар Душанбе барои ҷустуҷӯйи шахси ғарқшуда

Бинобар сабаби ҷустуҷӯйи шахси дар дарёи Варзоб ғарқшуда таъмини оби нӯшокӣ дар Душанбе қатъ карда шуд. Дар бораи ному насаби шахси ғарқшуда иттилоъ дода намешавад. Чораи мазкур бо дархости намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ андешида шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чанде қабл раиси […]

Аваз Юлдошев


Бинобар сабаби ҷустуҷӯйи шахси дар дарёи Варзоб ғарқшуда таъмини оби нӯшокӣ дар Душанбе қатъ карда шуд. Дар бораи ному насаби шахси ғарқшуда иттилоъ дода намешавад. Чораи мазкур бо дархости намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ андешида шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чанде қабл раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи муваққатан қатъ кардани интиқоли об дар канали дериватсионии Варзоб дар минтақаи нерӯгоҳи барқии Варзоб қарор ба имзо расонидааст.

Ба гуфтаи Саидов, замони баргузор намудани амалиёти ҷустуҷӯйӣ интиқоли об дар канали дерватсионии Варзоб то соати 20:00 қатъ мегардад. Интиқоли об ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ пурра ва ноҳияҳои Шоҳмансуру Сино ва Фирдавсӣ қисман қатъ карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.