Шарҳи BHP Billiton бобати даст кашидан аз тендери Конимансури Калон

Ширкати BHP Billiton (Австралия) аз иштироки минбаъда дар тендер оид ба интихоби паймонкор барои коркарди кони Конимансури Калон худдорӣ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд, чунин қарори ширкати австралиягӣ ба амалисозии сиёсати нав дар фаъолияташ бастагӣ дорад. Дар сиёсати нави ширкат ба лоиҳаҳои сармоягузории дигар […]

Пайрав Чоршанбиев


Ширкати BHP Billiton (Австралия) аз иштироки минбаъда дар тендер оид ба интихоби паймонкор барои коркарди кони Конимансури Калон худдорӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд, чунин қарори ширкати австралиягӣ ба амалисозии сиёсати нав дар фаъолияташ бастагӣ дорад. Дар сиёсати нави ширкат ба лоиҳаҳои сармоягузории дигар дар минтақаи Авруосиё афзалият дода мешавад,.

«Ҳарчанд айни замон дар тендер танҳо консорсиуми ширкатҳои «Казцинком», ҶС «Конимансур» (Қазоқистон), «Glencore Inc» (Швейтсария), КМТ «Адрасмон» (Тоҷикистон) иштирок дошта бошанд ҳам, ҷараёни тендер идома дорад», – гуфтанд дар кумитаи мазкур.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон расман барои коркарди маъдани Конимансури калон тендер эълон кард. Нахуст 10 ширкат ҷиҳати иштирок дар тендер ариза пешниҳод намуданд. Аммо аввали моҳи марти соли 2010 рӯйхати мухтасари иштирокчиёни тендер эълон шуд, ки ба он ширкатҳои BHP Billiton (бузургтарин ширкати кӯҳкории ҷаҳон), Zijin Mining (истеҳсолкунандаи бузургтарини тило дар Чин), JNMC (истеҳсолкунандаи бузургтарини никел дар Чин ва яке аз ширкатҳои кӯҳкории бузургтарин дар Осиё) ва консорсиуми ширкатҳои «Казцинком», ҶС «Конимансур» (Қазоқистон), Glencore Inc (Швейтсария), КМТ «Адрасмон» (Тоҷикистон) шомил гардиданд. Минбаъд Zijin Mining ва JNMC бо сабабҳои гуногун аз ширкат дар тендер даст кашиданд.

Корпоратсияи банулмилалии молиявӣ (IFC), ки узви гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аст, ба сифати мушовири лоиҳа иштирок менамояд. Ташхиси техникӣ аз ҷониби ширкати байнулмилалии Micon Int ва ташхиси ҳуқуқӣ аз ҷониби ширкати байнулмилалии White & Case гузаронида шудааст.

«Конимансури Калон» – кон воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, яке аз калонтарин конҳои нуқра дар дунё ба ҳисоб меравад, ки майдони ҳудуди 4 километр метри мураббаъро ишғол кардааст. Захираҳои кон тақрибан 1 млрд. тонн маъданро бо таркиби нуқра 49 г дар 1 тонна, сурб – 0,49 % дар 1 тонна ва руҳ – 0,38% дар 1 тоннаро ташкил медиҳад. Захираҳои умумии нуқраи Конимансури Калон зиёда аз 70 ҳазор  тонна мебошад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои роҳандозии истихроҷи маъдан аз кони мазкур беш аз 2 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.