Оғози мурофиаи корманди милисаи гумонбар ба шиканҷа

Date:


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ баррасии парвандаи ҷиноии нозири минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев оғоз гардид, ки ба истифодаи шиканҷа нисбат ба ноболиғ гумонбар дониста мешавад.

Судшаванда ба содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 143 (1), қ. 2 (Шиканҷа), 316, қ. 1 (Суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ) ва 109, қ. 2 (Ба худкушӣ оварда расонидан)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад.

Адвокати ҷабрдида Абдураҳмон Шарифов, ки хизматгузориаш аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон» пешниҳод шудааст, ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки судшаванда Алиев, ки макони сукунатро тарк карданаш манъ шудааст, бо баҳонаи бемории сохта дар вақти таъиншуда ба мурофиа ҳозир нашуд.

«Аммо пас аз санҷиши прокуратура беморӣ тасдиқ нагардида, айбдоркунандаи давлатӣ оид ба ин парванда А.Қосимов дархост кард, ки чораи эҳтиётӣ тағйир дода шавад. Ин дархост аз ҷониби ҳимояи ҷабрдида низ дастгирӣ шуд. Пас аз таъмини маҷбурии ба толор ҳозир шудани судшаванда, суд тасмим гирифт, ки чораи эҳтиётии манзили сукунатро тарк накардан ба чораи дар ҳабс нигоҳ доштан иваз карда шавад», – иброз дошт Шарифов.

Дар таърихи 25-уми июл баррасии парванда идома ёфта, нишондоди ҷабрдида шунида шуд ва бозпурсии шоҳидон оғоз гардид.

Ҷониби ҳимояи ҷабрида дархост кард, ки барои муайян кардани оқибатҳои ҷароҳатҳои ҷабрдида ташхиси равонӣ гузаронида шавад.

«Айни замон ташкилоти мо дар ҳамдастӣ бо Маркази ҳуқуқи кӯдакон ба ноболиғи ҷабрдида кӯмаки тибиву иҷтимоӣ мерасонанд», – гуфт директори Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон Сергей Романов.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29-уми апрели соли равон сокини деҳаи Қулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон Хушвақти Маҳмадсаидро дар манзили зисташ ба дор овехта дарёфт карданд. Наздикону хешовандонаш ӯро аз дор берун оварда, ба бемористон оварданд. Дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки чанде қабл аз ин ҳодиса милисаи минтақавӣ Хушвақтро ба ҳуҷраи кориаш даъват ва ӯро ба дуздӣ муттаҳам карда, бо таҳқиру лату кӯб маҷбур кардаст, ки гуноҳро ба гардан бигирад. Пас аз чунин муносибати бераҳмонаи корманди милиса кӯдак тасмим гирифтааст, ки ба худкушӣ даст занад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...