«Барқи точик» шабонарӯзӣ ба Афғонистон 2,4 млн. кВт барқ интиқол медиҳад

Date:


Дар нимсолаи аввали соли равон ширкати «Барқи тоҷик» ба Афғонистон дар маҷмӯъ беш аз 190 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ раиси ширкат Абдулло Ёров.

Ба гуфтаи ӯ, интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя тавассути хатти интиқоли барқи 220 кВ «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» сурат мегирад. «Айни замон ҳаҷми шабонарӯзии интиқоли барқ ба Афғонисоон тавассути ин хат 2,4 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.

А.Ёров зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон ширкати «Барқи тоҷик» ҳудуди 7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8% зиёдтар мебошад.

Қаблан вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ изҳор карда буд, ки дар мавсими тобистон Тоҷикистон ба интиқоли то 600 МВт нерӯи барқ ба Афғонистон омода аст, лекин мавҷуд набудани хатҳои интиқоли барқ дар кишвари ҳамсоя ба ин имкон намедиҳад. «Айни замон дар Афғонистон камбуди шадиди барқ эҳсос шуда, норасоии он дар шаҳрҳои Кобул қариб 100 МВт ва Қандаҳор беш аз 400 МВт-ро ташкил медиҳад», – гуфт вазир.

Ба қавли Гул Шералӣ, айни замон бо дастгирии молиявии ИМА корҳои сохтмони хатти интиқоли барқ ҷараён дорад, ки хатти интиқоли барқи Сангтӯда-1-Пули Хумрӣ-Қундузро бо шабакаи барқии шаҳри Кобул мепайвандад ва бо анҷоми ин корҳо метавон ба таъмини пойтахти Афғонистон бо нерӯи барқи Тоҷикистон шурӯъ кард.

Ба гуфтаи вай, айни замон аз ҷониби ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «Помир Энерҷи шабонарӯзӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то 4,4 млн. кВт/соат ва соли равон» дар маҷмӯъ беш аз 245 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Гул Шералӣ афзуд, феълан ба Афғонистон дар ҳаҷми начандон зиёд аз Ӯзбекистону Туркманистон низ нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...