ҲНИТ тоҷикистониёнро баҳри кӯмак ба сокинони Бадахшон даъват мекунад

Зимни нишасти хабарӣ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ изҳор кард, ки ҲНИТ шаҳрвандони кишварро баҳри кӯмак ба сокинони Бадахшон даъват мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҲНИТ аз ҷонибдорон ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки ҳадди ақал маблағи якрӯза ифтори худро барои мардуми Бадахшон ҷамъоварӣ намоянд ва ҲНИТ ин иқдомро пеш хоҳад гирифт. «Бо […]

Меҳрангез Турсунзода


Зимни нишасти хабарӣ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ изҳор кард, ки ҲНИТ шаҳрвандони кишварро баҳри кӯмак ба сокинони Бадахшон даъват мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҲНИТ аз ҷонибдорон ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки ҳадди ақал маблағи якрӯза ифтори худро барои мардуми Бадахшон ҷамъоварӣ намоянд ва ҲНИТ ин иқдомро пеш хоҳад гирифт.

«Бо назардошти ин ки дар ин ҷо расонаҳои хабарӣ ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ҳастанд, ман бисёр мехостам, ки яке аз созмонҳи ғайридавлатӣ ё маҷмуае аз хабарнигорон ва шахсиятҳо ин иқдомро сарпарастӣ мекарданд ва ин маблағҳо ва кумакҳои ҷамъшударо дар як марказ муназзам мешуд, то ба минтақаи Бадахшон бирасанд», – иброз дошт раиси ҲНИТ.

Ҳамчунин даъват шудааст, ки ҳарчи зудтар алоқаро бо Бадахшон бояд барқарор шавад, зеро набудани алоқа бахусус дар ҳолате, ки вазъият ором шуда истодааст, бар зарар аст. «Ҳангоми бурдани амалиётҳо далеле ҳаст, ки алоқа бояд маҳдуд карда шавад. Аммо вақте, ки зиндагӣ дар Бадахшон ба маҷрои табиъии худ бармегардад ва вақте, ки паёмҳову хабарҳои мусбат аз он тараф омада истодаанд, баръакс набудани алоқа боиси бадгумониҳо ва овозаҳо мешавад. Боз шудани алоқа ин раванди хубу мусбатро, ки шурӯъ шудааст таҳким мебахшад», – гуфт М.Кабирӣ.

Раиси ҲНИТ ҳамчунин гуфт, ҲНИТ дар ин назар аст, ки бояд тамоми бархурдҳои низомӣ дар минтақаи Бадахшон қатъ карда шавад ва он оташбасе, ки аз тарафи Президенти ҶТ эълон гашт. «Мо пешниҳод менамоем, ки оташбаси бемуҳлат эълон карда шавад ва тарафҳо аз ҳама гуна иқдоме, ки боиси ташаннуҷи вазъ дар минтақаи Бадахшон мешавад, худдорӣ кунанд», – изҳор кард ӯ.

Дар робита ба фаъолияти расонаҳои хабарӣ бобати инъикоси рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ раиси ҲНИТ аз тамоми расонаҳо дархост кард, ки эҳсоси масъулият намоянд ва аз такрори иштибоҳҳое, ки дар солҳои 1992 ҳамаи ҷомеа анҷом дод, аз он ҷумла расонаҳо, ки мавқеъи яктарафа мегирифтанд ва ҳамеша барои онҳо як тараф мусбат ва тарафи дигар манфӣ буд, бояд худдорӣ кунанд.

Дар идома М.Кабирӣ зикр карда, ки ниҳоятан, ҲНИТ бар ин назар аст, ки ҳарчи бештар идома ёфтани ин низоъ дар дохили Тоҷикистон дар Бадахшон боиси ворид гаштани доираҳои берунӣ ба ин қазия хоҳад гашт ва имкон дорад, ки қазия аз дасти соҳибони он, тоҷикон, ба дасти дигарон афтад, ки ин барои кишвар ва ҷомеаи мо матлуб нест.

«Ҳарчи зудтар мо онро хотима бидиҳему роҳи баромадан аз ин вазъияти душворро пайдо намоем, ҳамон қадар мо ин қазияро худамон дида баромада, ба як натиҷаи матлуб хоҳем расонд. Дар сурати ғайр, имкон дорад, ки дигарон вориди қазия шаванд ва бо назардошти манофеъ ва ихтилофоти геопалитикии баъзе доираҳои баъзе аз кишварҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, ин қазия тобишҳои дигар пайдо мекунад. Қазия аз як масъалаи дохилии Тоҷикистон ба масъалаи минтақаӣ ва ҳатто байналмилаллӣ табдил шавад, ки ин ба нафъи кишвари мо нест», – афзуд раиси ҲНИТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.