Мақомот ҳар як иттилои болоравии нарх дар бозорҳои пойтахтро месанҷад

Мутаассифона, на ҳамаи маълумоте, ки дар робита ба далелҳои риоя накардани қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10 июли соли 2012 «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» тавассути почтаи электронӣ ( [email protected] ) ба мақомоти шаҳрдории пойтахт ворид мешаванд, асоси воқеӣ доранд. Дар ин […]

Аваз Юлдошев


Мутаассифона, на ҳамаи маълумоте, ки дар робита ба далелҳои риоя накардани қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10 июли соли 2012 «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» тавассути почтаи электронӣ (

[email protected]

) ба мақомоти шаҳрдории пойтахт ворид мешаванд, асоси воқеӣ доранд.

Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дода, муроҷиати яке аз сокинони пойтахт Оқил Шириновро, ки санаи 1-уми август тавассути почтаи электронӣ ([email protected]) ба унвони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев фиристода шуда буд, мисол овард.

Дар мактуби худ О.Ширинов хабар дода буд, ки дар бозори «Деҳқон» харидани картошка бо нархи 2 сомонӣ барои 1 кило ғайриимкон буда, фурӯшандагон тасмим гирифтаанд, фурӯши онро боздоранд, зеро нарҳои муқаррарарнамудаи мақомоти шаҳрдории пойтахт ба онҳо зиён меоварад.

Дар посух ба ин мактуб раиси шаҳри Душанбе ба хадамоти дахлдор супориш дод, ки фавран ин маълумот санҷида шавад, вале муаллифи мактуб аз ҳамкорӣ бо комиссия даст кашида, санҷиш нишон дод, ки маълумоти ӯ асоси воқеӣ надорад.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт, ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон як кг гӯшти говро 29, гӯшти говмешро 19, гӯшти гӯсфандро 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистонро то 110, 1 л. равғани растаниро то 8, як кг биринҷи ватаниро то 7, як кг шакарро то 5, 1 л. ширро то 3, як кг картошкаро то 2, як кг сабзиро то 2,2, як кг пиёзро то 1,1 ва 1 дона тухмро то 0,6 сомонӣ ба фурӯш бароранд.

Қарори мазкури раиси шаҳри Душанбе дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳамчун асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ сабт гардида, бо дархости ҳукуматдорони пойтахт назорати иҷрои он ба дӯши ташкилотҳои ҷамъиятиву динӣ, комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва чанде аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.