Пирӯзии сеюми дастаи наврасони футболи Тоҷикистон дар «Ҷоми дӯстӣ»

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон ба пирӯзии сеюм ноил гардид. Ин дафъа футболбозони тоҷик бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуданд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, тӯбҳоро ба дарвозаи Туркманистон дар ин вохӯрӣ Рустам Толибов ва Сӯҳроб Мӯминов равона кардаанд. Пас […]

Аваз Юлдошев


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон ба пирӯзии сеюм ноил гардид. Ин дафъа футболбозони тоҷик бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуданд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, тӯбҳоро ба дарвозаи Туркманистон дар ин вохӯрӣ Рустам Толибов ва Сӯҳроб Мӯминов равона кардаанд. Пас аз се даври мусобиқот дастаи Тоҷикистон соҳиби 9 имтиёз аст.

Дар вохӯриҳои боқимонда дастаи наврасони Тоҷикистон рӯзи 8-уми август бо тими «Монтажник» (Қазоқистон) ва дастаи футболи «Қирғизистон-2» қувваозмоӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар ду вохӯрии қаблӣ дасти Тоҷикистон бар дастаи «Динамо-Юниор» (Омск) бо ҳисоби 4 бар 1 ва бар тими аввали наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1992 – Дар маркази Душанбе дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” гирдиҳамоиҳои худҷӯш баргузор шуданд. Соли 1996 – Аввалини шумораи ҳафтаномаи хусусии “Чархи...

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.