Супориши Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагии ҷиддӣ ба зимистон

Имрӯз таҳти раёсати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар маҷлис масоили омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 ва дигар масоили ҳалталаб баррасӣ шуд. Ба иттилои манбаъ, доир ба мавзӯи асосии маҷлис ахбори сарвазири кишвар Оқил Оқилов шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, […]

ASIA-Plus


Имрӯз таҳти раёсати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар маҷлис масоили омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 ва дигар масоили ҳалталаб баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, доир ба мавзӯи асосии маҷлис ахбори сарвазири кишвар Оқил Оқилов шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки корҳо барои омода кардани шабакаҳои барқӣ, роҳҳои мошингард ва дигар иншооти зербиноӣ ба мавсими сардмоҳ, фаровон захира кардани ангишт, гази моеъ, дигар анвои сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ тибқи нақшаҳои тасдиқгардида идома доранд.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки тамоми нерӯгоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти таъмини барқу гармӣ, гази моеъ, ангишт ва шабакаҳои нақлиётӣ бояд ба тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ дошта бошанд. Дастур дода шуд, ки корҳои зарурӣ, аз ҷумла захира кардани маводи сӯхту озуқаворӣ барои муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зери назорати доимӣ қарор дошта бошанд.

 Зимни баррасии ахбори муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон доир ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор, аз ҷумла супориш дода шуд, ки барои ҷамъоварии пурра ва беталафи ғалладонагиҳо, ҳосили меваю сабзавот, полезиҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, иҷрои пурраи нақшаи кишти такрорӣ дар заминҳои корами обӣ ва одат кунондани мардум ба фарҳанги волои заминдорӣ чораҳои муассир амалӣ карда шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова