Изҳори ҳамдардии президенти Тоҷикистон ба мардуми Эрон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба заминларзаи фоҷеабор дар минтақаи шимоли Эрон ба унвони раисҷумҳури ин кишвари дӯсту бародар Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар барқия аз ҷумла омадааст: «Бо камоли андӯҳ ва даҳшат хабари заминларзаи фоҷеабори дар шимоли Эрони дӯст рухдодаро, ки мӯҷиби садҳо тан талафоти ҷонӣ ва ҳазорҳо захмӣ гаштааст, дарёфт […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба заминларзаи фоҷеабор дар минтақаи шимоли Эрон ба унвони раисҷумҳури ин кишвари дӯсту бародар Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи тасаллият ирсол намуд.

Дар барқия аз ҷумла омадааст:

«Бо камоли андӯҳ ва даҳшат хабари заминларзаи фоҷеабори дар шимоли Эрони дӯст рухдодаро, ки мӯҷиби садҳо тан талафоти ҷонӣ ва ҳазорҳо захмӣ гаштааст, дарёфт намудам.

 Ба намояндагӣ аз мардуми Тоҷикистон маротиби тасаллият ва ҳамдардии хешро барои қурбониёни ин ҳодиса иброз намуда, барои бозмондагон сабри ҷамил хоҳонам.

 Парвардигор дар ин моҳи муборак гузаштагонро бо раҳмату мағфирати хеш фаро гирад ва наздикону азизони бозмондаро нерӯву тавон бибахшад.

 Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун». Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар музофоти Озарбойҷони Шарқии Эрон ду заминларзаи шадид рух дод, ки бар асари он дастикам 300 нафар ҳалок ва беш аз ду ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова