Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ дар 7 моҳ беш аз 2,8 млрд. $

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли равон 2 млрд. 828,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 11% ё худ 280 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили ҳудуди 1 млрд. […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли равон 2 млрд. 828,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 11% ё худ 280 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили ҳудуди 1 млрд. 278,4 млн. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 91 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 81 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 775,1 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3% ё худ 3,3 млн. доллари ИМА зиёдтармебошад.. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 2 млрд. 53,5 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 16% ё худ 282,7 млн. $ бештар аст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 7 моҳи аввали соли равон ҳаҷми содироти маҳсулоти ғизоии тайёр ба андозаи 70%, мошину таҷҳизот – 53%, фулузоти арзон ва маснӯоти он – 23% ва маҳсулоти рустанӣ ба миқдори 15% коҳиш ёфт. Содироти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2,4 баробар, маҳсулоти минералӣ – 90% ва металлҳои қиматбаҳо ба миқдори 30% афзуд.

Дар ҳамин ҳол, моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2,6 баробар, маҳсулоти коғазӣ – 2,2 баробар ва маҳсулоти рустанӣ ба миқдори 48% зиёд шуд.

Воридоти маҳсулоти нафтӣ аз рӯйи ҳаҷм 24% ва аз рӯйи арзиш 11% ва гандум мутаносибан ба андозаи 3,3 ва 2,4 баробар афзоиш ёфт.

Дар ҳамин ҳол, воридоти гази табиӣ аз ҷиҳати арзиш ба андозаи 7,2 ва аз рӯйи ҳаҷм қариб ба миқдори 20% коҳиш ёфт. Дар муқоиса бо моҳҳои январ-июли соли гузашта, дар 7 моҳи соли равон воридоти орд ба ҷумҳурӣ аз рӯйи ҳаҷм ба андозаи 8,2 ва аз ҷиҳати арзиш ба миқдори 24,7% камтар шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.