БМТ меъёри бозтамвилро то сатҳи 6,5%-и солона поин бурд

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ба андозаи 0,3 банди фоизӣ паст шуда, дар сатҳи 6,5 фоиз муқаррар карда шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, тағйироти навбатӣ тадриҷан ба паст гардидани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ва вусъати сиёсати пулию қарзӣ нигаронида шудааст. Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу […]

ASIA-Plus


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ба андозаи 0,3 банди фоизӣ паст шуда, дар сатҳи 6,5 фоиз муқаррар карда шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, тағйироти навбатӣ тадриҷан ба паст гардидани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ва вусъати сиёсати пулию қарзӣ нигаронида шудааст.

Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

Ёдрас мекунем, ки соли равон маротибаи чорум аст, ки БМТ меъёри бозтамвилро коҳиш медиҳад. Ҳамин тариқ, моҳи феврали соли равон меъёри бозтамвил ба андозаи 0,8 банди фоизӣ – аз 9,8 то 9%-и солона, ахири моҳи март он ба андозаи 1 банди фоизӣ – аз 9%то 8%-и солона, ва моҳи июл ба андозаи 1,2 банди фоизӣ аз 8 то 6,8%-и солона паст карда шуда буд.

Қобили зикр аст, ки меъёрӣ баландтарини бозтамвил соли 2008 ба қайд гирифта шуда, он замон сатҳи он ба 16%-и солна баробар шуда буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.