Баррасии тағйироту илова ба буҷети давлатӣ дар Шӯрои парлумон

Date:


Дар ҷаласаи пас аз таътили тобистона нахустини Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012», «Дар бораи осорхона ва фондҳои осорхонавӣ», «Дар бораи боҷҳои давлатӣ» ва «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» низ матраҳ гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, бо қарори Шӯро аксари масоили баррасишуда ҷиҳати баррасӣ ба кумита ва комиссияҳои палатаи поёнии парлумон ирсол гардиданд.

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, санаи 5-уми сентябр дар Душанбе иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор мегардад, ки дар он Кодекси нави андози Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...