Хуҷанд: Зери чархи автомашина мондани корманди милиса

Субҳи рӯзи 19-уми август дар шаҳри Хуҷанд як корманди милисаро автомашина пахш намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, дар гузаргоҳи кӯчаҳои Ленин ва Бофанда корманди шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд Илёр Шукурови 24-сола ҳини ба кор рафтан зери чархи автомашина мондааст. Ба иттилои манбаъ, пас аз ба вуқӯъ […]

Мавлуда Рафиева


Субҳи рӯзи 19-уми август дар шаҳри Хуҷанд як корманди милисаро автомашина пахш намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, дар гузаргоҳи кӯчаҳои Ленин ва Бофанда корманди шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд Илёр Шукурови 24-сола ҳини ба кор рафтан зери чархи автомашина мондааст.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса ронандаи автомашина аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, вале баъди чанде боздошт мешавад. «Ин автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ба сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд Сайдулло Раҳматуллоев тааллуқ доштааст», – гуфтанд дар раёсат.

Зикр гардид, ки бар асари ин ҳодиса корманди милиса ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи шаҳр бистарӣ гардидаааст ва айни замон табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ менамоянд.

«Аз рӯйи ин далел маводи зарурӣ ҷамъоварӣ ва парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.