spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оғози супурдани аслиҳаи ҷангӣ дар Хоруғ


Бо ташаббус ва дастгирии як гурӯҳ фаъолзанон ва имомони  шаҳри Хорӯғ, ки мақсади таъмини оромӣ ва ободии кишварро доштанд, маъракаи супоридани яроқу лавозимоти ҷангӣ оғоз гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, як гурӯҳ ҷавонони раҳгумзадаи маҳаллаи Заводи нони (Хлебзавод) шаҳри Хоруғ, ки бидуни андеша ва гумроҳӣ яроқ ба даст гирифта, ба муқобили қувваҳои ҳукуматӣ ба муқовимат бархоста буданд, бегоҳии 28.07. 2012 сол силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз қабили автомати Калашников, пулемёт ва дигар силоҳи оташфишонро ба мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ  супориданд.

Ба иттилои манбаъ, шахсоне, ки ихтиёран яроқҳои ғайриқонуниро месупоранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мебошанд. Айни замон вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ором буда, аҳолӣ ба ҳаёти осоишта машғул аст.

Бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Хоруғ, чанде қабл вохӯрии навбатии комиссияи мустақили миёнаравон оид ба танзими вазъ бо мақомоти раҳбарии вилоят доир гардидааст, вале ба иштироки хабарнигор дар он боз роҳ надодаанд.

Қобили зикр аст, ки нерӯҳои ҳукуматӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар бораи бартараф кардани сангарҳо ва иҷозати убури қатораи автомашинаҳои бузургҳаҷми боркаш ба мувофиқа расида, рӯзи 27-уми июл ҳудуди 40 ва 28-уми июл беш аз 30 автомашина ба сӯйи Душанбе раҳсипор шуданд.

Ба гуфтаи сокинон, ба ивази ин ҷониби ҳукумат бозпас хондани нишонзанҳо аз кӯҳҳои гирду атроф ва сарбозон аз хонаҳои истиқоматиро ваъда кардааст, вале ин кор амалӣ нагардид.

Дирӯз нерӯҳои ҳукуматӣ боз маҷбурӣ аҳолиро аз микрорайони Селхозтехника кӯчонданд.

Ҳамчунин маълум шуд, ки ду рӯз пеш дар мавзеи Шоҳдара автомашинаи Толиб Айёмбеков дарёфт гардидааст, ки ба дарёи Шоҳдара чаппа шудааст. Дар автомашина осори хун пайдо шудааст. Ба ақидаи сокинони маҳаллӣ, ҳалокати Т.Айёмбеков аз эҳтимол дур нест.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...