Ҳукми тӯлонии зиндон ба ду нафар барои узвият ба ҲИӮ

Чанде қабл суди вилояти Хатлон ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар узвият ба созмони ифротгарои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) гумонбар дониста мешуданд, ба муҳлати тӯлонии зиндон маҳкум намуд. Суд таҳти раёсати судя Додихудо Аҳмадов сокини ноҳияи Рӯдакӣ Алишер Давлатовро ба 15 ва сокини деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён Зилмурод Ишхоновро ба 9 соли зиндон маҳкум […]

Сайраҳмон Назриев


Чанде қабл суди вилояти Хатлон ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар узвият ба созмони ифротгарои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) гумонбар дониста мешуданд, ба муҳлати тӯлонии зиндон маҳкум намуд.

Суд таҳти раёсати судя Додихудо Аҳмадов сокини ноҳияи Рӯдакӣ Алишер Давлатовро ба 15 ва сокини деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён Зилмурод Ишхоновро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Айбдоршавандагони дигар – Нуриддин Исхонов ва Шуҳрат Каримов ҳар кадоме дар ҳаҷми 700 нишондиҳандаи ҳисоб ҷариманбандӣ шуда аз толори суд озод карда шуданд.

Пас аз эълони ҳукм ҳимоятгар Ғулом Бобоев изҳор кард, ки аз ҳукми содиршуда розӣ буда, аз болои он шикоят оварданӣ нест.

Бино ба маълумоти тафтишот, моҳи августи соли 2011 Алишер Давлатов бо мақсади узвият дар ҲИӮ ба Вазиристони Покистон раҳсипор шуда, дар урдӯгоҳҳои низомии он ҷо таълим мегирад. Моҳи апрели соли 2012 ӯ бо дастури мақомоти раҳбарии ҳаракат дар гузаргоҳои Панҷи Поён ғайриқонунӣ марзро убур намуда, ба Тоҷикистон меояд. Ӯ мебоист дискҳои DVD бо таблиғоти афкори ҲИӮ-ро миёни сокинони ноҳияи Қубодиён паҳн мекард.

Аммо Давлатов ба зудӣ ба дасти кормандони шуъбаи ВКД-и ноҳияи Қумсангир меафтад. Зимни боздошт аз Давлатов рӯйхати ном ва рақами телефонҳое, ки ӯ бояд дискҳоро ба онҳо медод, дарёфт шуданд. Дар ин рӯйхат ному насаби Нуриддин Исхонов ва Зилмурод Ишхонов дарҷ ёфта буданд.

Бар асоси баёноти Давлатов се нафар боздошт гардиданд, ки айни замон ҳамроҳи ӯ дар курсии айбдорӣ ҳузур доранд.

Дар ҷаласаи нахустини судӣ Алишер Давлатов худро қисман гунаҳкор эътироф намуд. Ба қавли адовкати ӯ Фахриддин Нуриддинов, зерҳимояи ӯ аз хадафҳои аслии ҲИӮ огоҳ гардида, аз Покистон аввал ба Афғонистон ва сипас ба Тоҷикистон фирор мекунад, вале ӯро кормандони милиса боздошт кардаанд.

Гумонбаршуда Нуриддин Исханов дар ҷаласаи судӣ изҳор кард, ки ӯ гунаҳкор нест ва баёноти қаблии ӯ таҳти фишори муфаттишон дода шудааст. «Ба мо рӯҳан фишор оварда, латукӯб ва ба имзои баёнот маҷбур карданд», – гуфт вай дар мурофиа.

Зилмурод Ишхонов низ худро гунаҳкор нашуморида, изҳор кард, ки дар ҷараёни татфишоти пешакӣ нисбати ӯ низ аз шиканҷа истифода шудааст.

Шуҳрат Каримов ягона гумонбаршудае буд, ки ба гуноҳи худ иқрор гардид.

Қобили зикр аст, ки қаблан суди ноҳияи Қубодиён се нафар сокинони деҳаи Қизил Нишонро, ки ба узвият дар ҲИӮ айдор карда шуда буданд, ба муҳлати аз 8,5 то 10 соли зиндон маҳкум намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.