Оғози курсҳои омӯзиши забони русӣ барои кормандони Прокуратураи генералӣ

Ахири ҳафтаи гузашта дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе маросими ифтитоҳи давраҳои омӯзишӣ (курсҳо) таҳти унвони «Забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ» барои кормандони Прокуратураи генералии Тоҷикистон баргузор шуд. Зимни суханронӣ дар ин маросим роҳбари намояндагии ҳамкории Русия (Россотрудничество) дар ҶТ Владислав Курнушко шунавандагони курсҳоро бо оғози машғулиятҳо табрик гуфта, хотиррасон намуд, ки дар Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе маросими ифтитоҳи давраҳои омӯзишӣ (курсҳо) таҳти унвони «Забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ» барои кормандони Прокуратураи генералии Тоҷикистон баргузор шуд.

Зимни суханронӣ дар ин маросим роҳбари намояндагии ҳамкории Русия (Россотрудничество) дар ҶТ Владислав Курнушко шунавандагони курсҳоро бо оғози машғулиятҳо табрик гуфта, хотиррасон намуд, ки дар Тоҷикистон забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо буда, яке аз забонҳои бештар паҳншудаи ҷаҳон ва забони кории СММ маҳсуб меёбад.

Машғулиятҳо дар ҳаҷми 240 соат барои 20 нафар кормандони Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳафтае ду маротиба аз ҷониби омӯзгорони рус гузаронида мешаванд. Машғулиятҳо мувофиқи барномаи махсуси аз ҷониби марказ таҳияшуда ва бо истифода аз усулу методҳои интерактивии баргузории дарсҳо, тавассути омӯзиши имлову хониш ва дастрасӣ ба Интернет-порталҳои маъруфи таълими забони русӣ сурат мегиран

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио