Тақдири пойгоҳи низомӣ зимни сафари Путин ба Душанбе ҳал мешавад

Русия ният дорад, ки зимни сафари сарвари давлати Русия Владимир Путин ба Душанбе аввалҳои моҳи октябр шартномаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо мерасад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи наздик ба намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа Русия ба Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев


Русия ният дорад, ки зимни сафари сарвари давлати Русия Владимир Путин ба Душанбе аввалҳои моҳи октябр шартномаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо мерасад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи наздик ба намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа Русия ба Тоҷикистон имзои шартнома ба муҳлати 10 солро пешниҳод хоҳад кард.

Ғайр аз ин, ин манбаъ иттилои як қатор ВАО дар бораи сафари муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов ба Душанбе дар нимаи моҳи сентябрро тасдиқ намуд. Номбурда бо мақомоти раҳбарии Тоҷикистон шакли ниҳоии шартномаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард.

Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилои сафари Антонов ба Тоҷикистонро тасдиқ накарданд. «Дар нақшаи сафарҳои ҳайатҳои хориҷӣ сафари муовини вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон дарҷ наёфтааст», – гуфтанд дар Вазорати мудофиа.

Аввали моҳи август муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар робита ба масъалаи ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон Анатолий Антонов изҳор карда буд, ки гуфтушунид дар ин хусус муваффақона ҷараён дошта, ояндаи наздик матни созишнома омода мегардад, ки ба таъмини амнияти Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст.

«Дар масъалаи мувофиқаи санади умумӣ мо ба комёбиҳои назаррас муваффақ шудем, зеро ҳалли ин масъала ба таъмини амнияти ҳам Русияву ҳам Тоҷикистон рабт гирифта, пойгоҳи низомии мо як таркиби зербинои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақавӣ аст», – гуфта буд вай.

Номбурда ҳамчунин иброз дошта буд, ки дар гуфтушунидҳо масъалаи нархи ҳузури пойгоҳи низомӣ матраҳ нашудааст. «Масъалаи пардохти маблағ барои ҳузури пойгоҳи низомӣ на дар мулоқот бо президенту на дар Вазорати мудофиа ва корҳои хориҷӣ умуман баррасӣ нагардид. Гуфтушунид савдо набуда, кӯшиши ҳалли мушкилот бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб мебошад», – таъкид карда буд А.Антонов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст