Баррасии имкони сармоягузории Бунёди Оғохон ба сохтмони нерӯгоҳҳо дар Хатлон

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони Фонди Оғохон бо сардории Лутаф Қассам ва Озодхон Давлатшоев баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва саноат, аз ҷумла ташкил намудани корхонаҳои […]

Asia-Plus


Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони Фонди Оғохон бо сардории Лутаф Қассам ва Озодхон Давлатшоев баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва саноат, аз ҷумла ташкил намудани корхонаҳои дузандагӣ, коркарди меваю сабзавот, маҳсулоти ширӣ (саноатӣ), истеҳсоли қолинҳои дастӣ дар вилояти Хатлон ва ВМКБ, сохтмони як адад НБО-и хурд (1:2 мВт) дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои вобаста ба АТИ-и НБО-ҳои Санобод ва Себзор ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ қайд намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди энергетикӣ, ашёи кишоварзӣ буда ин барои коркарди онҳо дар корхонаҳои саноатӣ имкон медиҳад, инчунин иброз гардид, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд дар ин ва самтҳои дигар мувофиқи мақсад мебошад.

Ҷаноби Лутаф Қассам оид ба мавҷуд будани заминаҳои мусоид барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои зикршуда ибрози назар намуд.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳо дар ин самт ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.