Эрон ба табодули об бо нерӯи барқ бо Тоҷикистон омода аст

Мақомоти раҳбарии Эрон омодагии худ ба табодули об бо нерӯи барқ бо Тоҷикистонро изҳор кард, – иттилоъ медиҳад оҷонсии эронии Pana News . «Агар Тоҷикистон тавассути рӯдхонаҳои худ Эронро бо ҳаҷми зарурии об таъмин намояд, Эрон ба ивази он ин кишварро бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард», – гуфтааст муовини вазири энергетикаи Эрон Алиризо Доимӣ. […]

ASIA-Plus


Мақомоти раҳбарии Эрон омодагии худ ба табодули об бо нерӯи барқ бо Тоҷикистонро изҳор кард, – иттилоъ медиҳад оҷонсии эронии

Pana News

.

«Агар Тоҷикистон тавассути рӯдхонаҳои худ Эронро бо ҳаҷми зарурии об таъмин намояд, Эрон ба ивази он ин кишварро бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард», – гуфтааст муовини вазири энергетикаи Эрон Алиризо Доимӣ.

Алиризо Доимӣ изҳор доштаст, ки Эрон тавассути сармоягузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои обиву барқии «Сангтӯда-2» ва «Айнӣ» омода аст, ки талаботи Тоҷикистонро бо нерӯи барқ таъмин созад.

«Такмили ин нерӯгоҳҳо миёни се кишвари минтақа – Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон як коридори обиву энергетикиро бунёд мекунад ва дар сурати ба ин коридор пайвастани Туркманистон, ҳамкориҳои минтақавӣ миёни кишварҳо тақвияти бештар хоҳанд ёфт», – таъкид доштааст Доимӣ.

Номбурда таъкид сохтааст, ки Туркманистон низ барои таъмини Эрон бо об аз имконоти зиёде бархӯрдор аст. «Дар Туркманистон барои сохтмони нерӯгоҳҳои обиву барқӣ имконоти зиёде мавҷуд аст ва мо ба сармоягузорӣ дар ин бахш омодаем», – афзудааст ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.