Саттор Турсун: Марги М.Шакурӣ талафоти бузург аст

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бидуни шубҳа таҷассумгари бузургии миллати тоҷик буда, марги ӯ барои забону адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон талафоти бузург аст, – гуфт дар робита ба даргузашти академик М.Шакурӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Саттор Турсун. Ба андешаи ӯ, М.Шакурӣ замони наврасӣ аз пойтахти қадимаи тоҷикон – шаҳри Бухоро ба пойтахти […]

Аваз Юлдошев


Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бидуни шубҳа таҷассумгари бузургии миллати тоҷик буда, марги ӯ барои забону адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон талафоти бузург аст, – гуфт дар робита ба даргузашти академик М.Шакурӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Саттор Турсун.

Ба андешаи ӯ, М.Шакурӣ замони наврасӣ аз пойтахти қадимаи тоҷикон – шаҳри Бухоро ба пойтахти нави мардуми тоҷик – шаҳри Душанбе як қисмате аз фарҳанги қадима, забону ҳунар ва адабиётро бо худ оварда, онро ба ҳаводорони эҷодиёташ моҳирона пешниҳод намуд.

«Барои тарбияву ба қуллаҳои баланди касбӣ расидани насли нави адабиётшиносону олимони Тоҷикистон хизматҳои М.Шакурӣ арзанда буда, мероси гузоштаи олим боз муддати садсолаҳо зарур ва мавриди истифода хоҳад буд», – зикр кард С.Турсун.

Ин дақиқаҳо дар назди манзили зисти академик дар кӯчаи Навоӣ (пушти муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино) маросими видоъ ва ҷанозаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ҷараён дорад.

Имрӯз соати 13:00 ҷасади академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар оромгоҳи Лучоби пойтахт паҳлӯи фарзандони барӯманди халқи тоҷик ба хок супурда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.